Сафири Тоҷикистон ба Президенти Италия эътимоднома супорид

Февраль 15, 2017 15:37

ДУШАНБЕ, 15.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар қасри Квириналеи Рим 13 феврал маросими супоридани эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия Исматулло Насрединов ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, баъд аз маросими супоридани эътимоднома суҳбати Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Италия баргузор гардид. Зимни он Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналхалқии ин кишвар Анҷелино Алфано ширкат варзид.
Дар ҷараёни суҳбат И.Насрединов салому дуруди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳамтои италиявиаш расонид. Президенти Ҷумҳурии Италия дар ҷавоб изҳори сипос намуда, аҳамияти таъйини Сафири Тоҷикистонро дар кишвари худ барои рушди робитаҳои дуҷониба таъкид кард.
Ҳамсуҳбатҳо дурнамои муносибатҳои ду кишвари дӯстро дар самтҳои гуногун муҳокима намуданд.
Дар анҷоми суҳбат Президенти Ҷумҳурии Италия ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон комёбӣ ва пешравиҳо таманно намуд

Февраль 15, 2017 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд