Салоҳиддин Раббонӣ аз пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд
ДУШАНБЕ, 18.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Салоҳиддин Раббонӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари Афғонистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пешниҳодҳои ҷолиб менамоянд, изҳори сипос намуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории мулоқот хабар дод, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баъди мулоқот бо Пешвои миллат, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба хабарнигорон изҳор намудааст, ки зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуда, зарурати таҳкими робитаҳои иқтисодии ду кишварро таъкид намудаанд.
Салоҳиддин Раббонӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори боварӣ кард, ки мулоқоти доиргардида ба тавсеаи равобити иқтисодӣ миёни ду кишвар, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва таҳдидҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам меорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






