Шаҳрванди Афғонистон ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ дастгир шуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Увайдулло валади Абдулрауф, 32 сола, зодаи вилояти Фарохи вулусволии Пуштирӯд, истиқоматкунандаи вилояти Нимрӯз, шаҳри Заранҷ ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кормандони милитсияи Шубаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим дастгир гардид. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, айни ҳол нисбат ба Увайдулло валади Абдулрауф аз ҷониби кормандони Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ишкошим бо аломати моддаи 335 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ғайриқонунӣ бидуни ҳуҷҷати муайяншуда ва иҷозати зарурӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома ёфта, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






