Шариф Назарзода: «Соли 2017 соли мубориза бар зидди ҷинояткорист»
ДУШАНБЕ, 09.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалигардонии Сратегия ва «Барномаи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд роҳбарияти мақомот ба ин самт таваҷҷуҳи хоса зоҳир ва дар фаъолияти фаврӣ-хизматӣ аз усулҳои нав корбарӣ менамоянд.
Тавре аз мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, бо мақсади татбиқи муқаррароти Барномаи ислоҳоти милитсия роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд тасмим гирифтанд аз фаъолияти мақомот охири ҳар моҳ натиҷагирӣ намоянд.
Дар вилояти Суғд зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти милитсияи вилоят масъалаҳо оид ба самтҳои пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷинояткорӣ, амалияи маъмурӣ, роҳ надодан ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва баррасии фаъолияти зерхадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласа сардори РВКД дар вилояти Суғд Шариф Назарзода соли 2017-ро барои кормандони милитсияи вилояти Суғд «Соли мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» унвон кард. Инчунин дар ҷаласа аз фаъолияти хадамоти фаврӣ, тафтишот, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, кор бо ноболиғону ҷавонон ва дигар самтҳои хизматӣ натиҷагирӣ карда шуд.
«Берун набаромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ дастуру супоришҳое мебошанд, ки бояд ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз чунин рафтор худдорӣ намояд», — таъкид гардид дар ҷаласа.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






