Шикасти «Барселона» ва иштибоҳ дар пешгӯии коршиносони футболи ҷаҳон
ДУШАНБЕ, 15.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар аввалин бозии 1/8 -ниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупо клуби шӯҳратёри «Барселона» дар варзишгоҳи «Парк де Пренс»-и Париж аз мизбон -ПСЖ бо натиҷаи 4:0 шикаст хӯрда, пешгӯии коршиносони футболи ҷаҳонро ((80% ғалабаи «Барселона») ботил кард.
Ду голро дар ин вохӯрӣ ҳамлагари дастаи мунтахаби Аргентина ва ПСЖ Анхел ди Мария дар дақиқаҳои 18 ва 55, Юлиан Дракслер (40) ва Каванӣ (71) ба нишон расониданд. Аҷиб он аст, ки ди Мария ва Каванӣ дар зодрӯзашон ба ин комёбӣ муваффақ шуданд. Аз ин пеш танҳо Мирко Вучинич ва Жулио Баптиста дар ҳайати дастаи «Рома» дар зодрӯзашон дар Лигаи чемпионҳо гол задаанд.
ПСЖ ба қатори шаш дастае шомил шуд, ки ба дарвозаи «Барселона» дар бозиҳои Лигаи чемпионҳо 4 гол ворид кардааст. Аз ин пештар ба «Милан», «Динамо»-и Киев, «Валенсия», «Челси» ва «Бавария» муяссар гардида буд, ки «Барселона»-ро ба ин ҳол гирифтор кунанд.
Дар бозии дуюми рӯз «Бенфика» бар «Боруссия»-и Дортмунд бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.
Имрӯз «Бавария» бо «Арсенал» ва «Реал» бо «Наполӣ» бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






