Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»: «Парвоз дар масири Душанбе-Тошканд-Душанбе рўзҳои наздик иҷро мегардад»
ДУШАНБЕ, 21.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар мувофиқа бо роҳбарони давлат ва ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо мақсади идомаи рушду таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ миёни кишварҳо 10 феврал дар шаҳри Тошканд байни ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Узбекистан Эйрвейз» вобаста ба ифтитоҳи хатсайрҳои мунтазам дар самти Душанбе-Тошканд-Душанбе музокирот баргузор гардида, муваффақона ба анҷом расид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, ширкати мазкур аз Назорати давлатии авиатсионии Ўзбекистон барои парвоз иҷозат гирифт ва дар асоси он метавонист аз 20 феврал парвозҳоро аз Душанбе ба фурудгоҳҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро ва Фарғона анҷом диҳад.
Аммо, дирўз, 20 феврал аввалин парвози мунтазам дар самти Душанбе-Тошканд амалӣ нагардид. Аз фурудгоҳи Тошканд ба унвонии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар омадааст, ки то ҳол барои парвоз иҷозат гирифта нашудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, баъди аз ҷониби роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» гузаронидани таҳлили ҷиддии вазъи баамаломада, муайян гардид, ки бастаи ҳуҷҷатҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба ҷониби Ўзбекистон сари вақт ирсол нашудааст. Шахсоне, ки ба вазъияти мазкур масъул буданд, аз ҷумла Директори тиҷоратӣ Алишер Рустамов ҷазо гирифта, аз кор озод шуданд.
Феълан миёни ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар расмиёти фаннӣ мавриди ҳал қарор доранд. Роҳандозии парвоз ба самти Душанбе-Тошканд-Душанбе рӯзҳои наздик дар назар аст.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои эҷод кардани нороҳатӣ аз мусофирони хатсайри Душанбе-Тошканд ва шарикони худ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон узр мепурсад.
Маълумот: Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самти Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон муваффақона анҷом медиҳад.
Пойгоҳи ширкат аз ҳавопаймоҳои навъи Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






