«Тоҷик Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе — Пекин — Душанбе оғоз менамояд
ДУШАНБЕ, 20.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» шурӯъ аз 27 феврал парвозҳоро дар масири Душанбе- Пекин- Душанбе оғоз менамояд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев иттилоъ дод.
Бояд тазаккур дод, ки васеъ гардидани ҷуғрофиёи парвозҳои ширкати миллии ҳавонавардии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» барои рафтуомади сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар ва афзоиши теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба кишварамон мусоидат менамояд. Парвозҳо аз Душанбе ба Пекин рӯзи душанбе соати 16:40 тавассути ҳавопаймои «Боинг 757 200» ва аз Пекин ба Душанбе рӯзи сешанбе соати 3:30 шаб бо вақти Пекин сурат гирифта, ҳавопаймо ба Душанбе соати 07:10- и субҳ мерасад. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Пекин 5 соат 30 дақиқа ва аз Пекин ба Душанбе 6 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад. Арзиши чипта дар ду самт 1 748 сомонист.
Мавриди зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии миллии «Тоҷик Эйр» ба интиқоли мусофирон ва бор ба самти Алмаато, Бишкек, Деҳлӣ, Теҳрон, Москва, Екатеринбург, Новосибирск ва Сургут хизмат мерасонад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






