Тоҷикистон дар Намоишгоҳи дизайнерии «Амбиенте-2017» ширкат мекунад
ДУШАНБЕ, 09.02.2017./АМИТ «Ховар»/. Дар Намоишгоҳи байналмилалии молҳои истеъмолӣ «Ambiente-2017» («Амбиенте-2017») ғурфаи Тоҷикистон амал хоҳад намуд. Ин Намоишгоҳ рӯзҳои 10-14 феврали соли 2017 дар шаҳри Франфурти соҳили Майни Германия баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия хабар доданд.
Мавриди зикр аст, ки «Амбиенте» бузургтарин намоишгоҳи молҳои истеъмолӣ дар дунё мебошад. Ҳар сол садҳо нафар мутахассисони дизайни (зебосозии) муҳити кору хона ва декораторҳои ҳирфавӣ барои иштирок кардан дар ин ҳамоиш ба Франкфурти соҳили Майн мераванд. Ва ҳар сол ин Намоишгоҳ таҳти сарпарастии ин ё он кишвари узви Иттиҳоди Аврупо доир мешавад. Порсол сарпарасти Намоишгоҳ Италия буд, имсол ҳамоиш таҳти нишони дизайни Британияи Кабир мегузарад.
Намоишгоҳи имсола аз се бахш иборат аст: 1) Dining – зебосозии ошпазхона, зарфҳо, мизу курсӣ; 2) Guving – туҳфаҳо, лавозимот ва ороишот, банду баст ва ғайра; 3)Living – асбобу анҷоми меҳмонхона: мебел, ашёи декорт, ҷиҳози хона. Аз рӯи ин се бахш ҷоизаҳои асосии Намоишгоҳ супорида мешаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






