Тоҳир Ҷобирзода: «Муқовимат бар зидди коррупсия-вазифаи ҳар яки мост»

Февраль 17, 2017 17:13

тохир ЧобирзодаДУШАНБЕ, 17.02.2017/АМИТ «Ховар»/. «Муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи он аз ташаббуси олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад». Ин нуктаро Тоҳир Ҷобирзода-вакили палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон зимни семинаре, ки имрӯз таҳти унвони «Муқовимат бар зидди коррупсия-вазифаи ҳар яки мост» дар Парлумон доир гардид, таъкид кард. Семинар бо ибтикори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созмон дода шуда, дар он вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи парлумони касбии мамлакат иштирок доштанд.
Ба андешаи Тоҳир Ҷобирзода, самаранокии муқовимат бо коррупсия ба иштироки фаъоли тамоми шохаҳои хокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он иртиботи ногусастанӣ дорад.
Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароити ба миён омадани ҳолати коррупсионӣ, ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкунию ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, пешрафти иқтисодиёт, таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва амнияти кишвар фарогир аст.
Ҳамзамон Тоҳир Ҷобирзода зикр сохт, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст. Мубрам будани масъалаи мазкурро ба инобат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат бо коррупсия гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ тадбирҳои марбутаи ташкилию ҳуқуқӣ андешид. Дар сатҳи байналмилалӣ яке аз чунин санадҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ.-, ин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 ба тасвиб расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия мебошад. Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмӯи санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ кабул гардида, доктринаи миллии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ташаккул ёфт. Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)» ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз ҳамин қабиланд. Ҳамзамон бо мақсади ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ моҳи январи соли 2007 бо Фармони Президенти кишвар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Зикр гардид, ки Паёми Пешвои миллат ба Парлумони мамлакат дар назди қишрҳои гуногуни ҷомеа, хусусан дар мубориза бар зидди коррупсия вазифаҳои умда мегузорад.

Февраль 17, 2017 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад