Варзишгарони тоҷик дар намуди лижаронии кӯҳӣ дар Бозиҳои XVIII зимистонаи осиёӣ ширкат карданд

Февраль 23, 2017 14:04

ДУШАНБЕ, 23.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. 22 феврали соли 2017 мусобиқа аз намуди лижаронии кӯҳӣ оид ба Giant Slalom дар Бозиҳои XVIII зимистонаи осиёӣ дар шаҳри Саппорои Ҷопон ба анҷом расид. Дар ин мусобиқа 44 нафар варзишгарони барҷастаи Осиё иштирок намуданд.
Муҳаммадшо Абдуллоев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод, ки варзишгарони тоҷик баромад карда, мақоми 20, 21, 22 ва 23-юмро ишғол намуданд. Ёдовар мешавем, ки 11 нафар варзишгарон ба марра нарасиданд ва ду нафар варзишгар аз мусобиқот берун карда шуданд.
Мақоми аввалро варзишгари ҷопонӣ Кояма Юхей, мақоми дуюмро Ким Хён-Таэ аз Кореяи Ҷанубӣ ва мақоми сеюмро Нарита Хидейюки аз Ҷопон ишғол намуданд.
Мусобиқаи навбатии варзишгарони тоҷик 24 феврали соли 2017 аз намуди лижаронии кӯҳӣ оид ба Small Slalom баргузор хоҳад шуд.

Февраль 23, 2017 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд