Вазири корҳои хориҷии Алҷазоир таъйини нахустин сафири Тоҷикистон дар Алҷазоирро рӯйдоди муҳим номид

Февраль 22, 2017 17:06

ДУШАНБЕ, 22.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. 20 феврали соли 2017 дар Алҷазоир Вазири давлатӣ, Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Рамтон Лаъмомра Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар Хусрав Нозириро ба муносибати супоридани нусхаи эътиборнома ба ҳузур пазируфт.
Вазири корҳои хориҷии Алҷазоир бо истиқбол аз таъйин шудани нахустин сафири Тоҷикистон дар Алҷазоир, онро рӯйдоди муҳим дар раванди густариши муносибатҳои дуҷониба номид. Бо ишора ба нахустин боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир, ки 10-12 марти соли 2008 баргузор гардида, дар ҷараёни он бастаи мувофиқатномаҳои муҳим ба имзо расида буд, ӯ таъкид намуд, ки сафари мазкур барои тавсиа ва таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвари дӯст дар соҳаҳои гуногун заминаи пойдор гузошт.
Мулоқот бо таъкиди зарурати идома ва густариши ҳамкории самарабахши ду кишвар дар сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ба поён расид.

Февраль 22, 2017 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад