Вазорати фарҳанг довталабонро ба озмуни ишғоли мансабҳои холӣ даъват менамояд
ДУШАНБЕ, 27.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок озмуни ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатиро эълон менамояд.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, зикр карданд, ки тибқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ довталабон ба мансабҳои сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста бояд маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ, сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус маълумоти олии соҳаи гуманитарӣ ва сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ маълумоти олии иқтисодӣ дошта бошанд.
Дар мансабҳои мазкур маош мувофиқи ҷадвали корбаст 1040 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Тибқи иттилои манбаъ, довталабон ба мансабҳои мутахассиси раёсати табъу нашр ва матбуот бояд маълумоти олии рӯзноманигорӣ ва ё омӯзгорӣ (филолог), мутахассиси шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ маълумоти олии омӯзгорӣ ва ё мусиқӣ дошта бошанд ва маоши онҳо мувофиқи ҷадвали корбаст 696 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Барои ҳамаи довталабони озмуни ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ, маҳорати кор кардан бо компютер ва таҷрибаи кофии корӣ аз рӯи ихтисос зарур мебошанд.
Корҷӯён метавонанд барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба баргузории озмун ба телефонҳои 223-19-71, 221-04-23 ва ё сомонаи Вазорати фарҳанг муроҷиат намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






