«Зиёӣ ва масъулиятпазирии миллӣ», «Истифодаи технологияҳои нав — талаби замон ё чаро аз истифода бурдани воситаҳои техникӣ дурӣ меҷӯем?» — шарҳи матбуот

Февраль 23, 2017 16:27

ДУШАНБЕ, 23.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи рӯзи душанбеи худ   (20.02.2017, №38)  аз   ҷараёни  ҷаласаи  Шӯрои амният, ки  17 феврали соли  равон таҳти раёсати  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баргузор гардид,  гузориш додааст.  Дар гузориш аз ҷумла омадааст, ки  аз ҷониби  Сарвари давлат,  Раиси Шӯрои амнияти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои  бартарафсозии камбудию норасоиҳои мавҷуда ва андешидани тадбирҳои ҷиддию саривақтӣ дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, афзоиши ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, таъмини амнияти иншооти гуногун ва аҳолӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва пешгирию бартарафсозии оқибатҳои ногувори ҳодисаҳои табиӣ роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот  вазифадор карда шуданд.

Рӯзнома дар  ин шумора ҳамчунин   дар бораи   18 феврали соли равон   аз ҷониби Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  пазируфта шудани Салоҳиддин Раббонӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  хабар додааст. Дар  хабар зикр гардидааст, ки ҷонибҳо барои ба сатҳу сифати беҳтару хубтар расонидани ҳамкорӣ,   омодагию ҳавасмандии зиёд барои вусъати ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавии бунёди роҳҳои оҳан ва хаттҳои интиқоли неруи барқ зоҳир  намуданд.

          «Кӯлоб. Ҳоли табоҳи роҳҳои мошингард»- бо чунин сарлавҳа мақолаи  Ёқуби Содиқ  дар шумораи  рӯзи сешанбегии   «Ҷумҳурият» (21.02.2017, №39) дарҷ гардидааст. Муаллиф  аз вайронию харобии роҳҳои мошингарди дохили шаҳри Кӯлоб ба ташвиш омада,  менигорад: «Қариб дар ҳамаи навоҳии музофоти Кӯлоб  кормандони муассисоти нигоҳдории роҳҳо бо либосҳои махсус, белҳо дар даст, мудом ба  роҳҳои  мошингард баромада, пайи иҷрои вазифаи хеш мешаванд. Таассуф, ки чунин амал дар муассисаҳои масъули шаҳри Кӯлоб дида намешавад. Бо давом ёфтани ин бемасъулиятӣ ҳоли роҳҳои шаҳр дар оянда чӣ мешуда бошад?».

Дар шумораи рӯзи чоршанбегии рӯзномаи «Ҷумҳурият»  (22.02.2017,№40)  гузориши муфассал  аз  ташрифи  Сарвари давлат  ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  ва мақолаи Шералӣ Мирзо, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарлавҳаи «Артиши миллӣ – ҳомии марзу бум ва кафили сулҳу субот»  ба нашр расидааст.

Нашрияи парлумонӣ —  «Садои мардум» дар шумораи навбатӣ (21.02.2017,№19-20) гузоришро аз ҷараёни Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки 20 феврал   таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, ба нашр расонидааст. Дар гузориш омадааст, ки  дар баробари баррасии  масъалаҳои ба рӯзнома воридшуда,  аъзои Шӯро  ҳамчунин «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул намуданд.

Нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ» низ  дар саҳифаи аввали   шумораи навбатӣ  (22.02.2017, №8)  аз ҷараёни ҷаласаи Шӯрои  амнияти  мамлакат бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориши муфассал  нашр кардааст.

Дар саҳифаҳои 6 –7–уми ҳамин шумораи рӯзнома  мақолаи сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнаморо зери  сарлавҳаи  «Зиёӣ ва масъулиятпазирии миллӣ» дар ҳошияи мақолаи Саидмурод Фаттоҳзода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ!…», ки дар сомонаи АМИТ «Ховар» ба нашр расида буд, ба  чоп расонидааст. Муаллиф дар  оғози  мақола  чунин  мегӯяд: «Мақолаи  мазкур  таваҷҷуҳи васеи аҳли андешаро ҷалб намуд. Гарчи мавзўи умумии он «таъсири ҷаҳонишавӣ ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги маънавии миллати соҳибтамаддуни мо ва роҳҳои пешгирии таъсири манфии ин омилҳо» унвон шудааст, аммо моҳияти асосии мақола аз муаррифии хусусиятҳои таҷрибаи давлатдории миллӣ, шарҳи бартариятҳои модели муваффақи давлатдории мо, тафсири огоҳона аз авзои печидаи ҷаҳонӣ, ҳушдори ҳушёрона аз хатару таҳдидҳои муосир ба давлату миллат ва даъвати масъулона ба ҳифзи ин дастовардҳо иборат аст. Ин аст, ки нахустин бардошт аз мақола эҳсоси масъулияти як зиёӣ дар баробари сарнавишти давлату миллати худ аст».

 Мақолаҳои дигари таҳлилии ин шумора  «Ҷанг. Чаро мо бояд аз он битарсем?»,   «Ҳамоиш: ҳамкориҳои 25- солаи Тоҷикистону Туркия», «Бо ҳидояти бародар» , ««Шашмақом»  -у «Фалак» мусиқии дилнавози аҷдодиянд»  рӯзномаро ҷолибу хонданбоб гардонидаанд.

Дар шумораи навбатии рӯзномаи «Омӯзгор» (23.02.2017,№8)  мақолаи таҳлилии   Ҳотами Ҳомид  таҳти сарлавҳаи «Истифодаи технологияҳои нав — талаби замон ё чаро аз истифода бурдани воситаҳои техникӣ дурӣ меҷӯем?»  ба нашр расидааст. Муаллиф дар фарҷоми мақолааш чунин менигорад: «Дарс бе истифодаи асбоби аёнӣ, хоса бе техникаву технологияи навтарину ҳозиразамон аз сӯйи омӯзгор ва устоҳои таълими истеҳсолӣ, ба таъбири халқӣ, «ба ҳован об кӯбидан»-ро мемонад. Донишҳои назариявӣ хубанд, аммо кор карда тавонистан бо технологияҳои нав талаби замон буда, аз он сарфи назар кардан нашояд».

 

Февраль 23, 2017 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «ACIBADEM» ифтитоҳ гардид