Ғалабаи «Истиқлол» бар «Дордой» мухлисонро шод кард
ДУШАНБЕ, 15.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Варзишгоҳи марказии пойтахт чемпиони Тоҷикистон — «Истиқлол»-и Душанбе дар даври аввали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар гурӯҳи «D» бар дастаи «Дордой»-и Қирғизистон бо натиҷаи 2:0 ғолиб омада, 16,5 ҳазор мухлисони дар варзишгоҳбуда ва миллионҳо тамошобинони телевизионро шоду масрур гардонид.
Девид Маутор, легионери ганагии истиқлолиҳо дар дақиқаи 16-ум баъди паси олии Дмитрий Барков бо зарбаи сар ҳисобро боз кард. Баъди 6-дақиқа яке аз беҳтарин бозингарони нимаи аввали вохӯрӣ- Ҷаҳонгир Алиев баъди зарбаи кунҷӣ аз ҷониби капитани «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев голи дуюми соҳибони майдонро ба дарвозаи Валерий Кашуба зада, меҳмононро дилшикаста кард.
Ҳарчанд дар нимаи дуюм имкониятҳои хуби голзанӣ барои бозингарони «Истиқлол» ва «Дордой» вуҷуд доштанд, вале ҳисоб тағйир наёфт. Капитани соҳибони майдон Фатҳулло Фатҳуллоев бо зарбаи сахт боре сутуни дарвозаи меҳмононро ба ларза овард.
Дар ин гурӯҳ дастаи дуюми Қирғизистон -«Алай» дар майдонаш аз «Алтин Асир»-и Туркманистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
Ҷоми КФО-2017
Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 1
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) «Дордой» (Қирғизистон) 2:0
Голҳо: Дэвид Мавутор, 16 (1:0). Ҷаҳонгир Алиев, 22 (2:0).
«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Артем Барановский, Дэвид Мавутор, Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Алиев (Ҷаҳонгир Эргашев, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев (Дилшод Восиев, 90+2), Манучеҳр Ҷалилов (Амирбек Ҷӯрабоев, 90+1), Дмитрий Барков.
«Дордой» (Бишкек, Қирғизистон): Валерий Кашуба, Егор Потапов, Курсанбек Шератов, Ислам Шамшиев, Бекжан Сагинбаев (Мирбек Ахматалиев, 54), Кайрат Жиргалбек уулу, Павел Сидоренко (Даниэл Тэго, 46), Бактай Талайбек уулу, Кайрат Колбаев, Алишер Азизов (Адил Бекболотов, 76), Авазбек Откеев.
Огоҳӣ: Дэвид Мавутор («Истиқлол»), Кайрат Жиргалбек уулу, Бактай Талайбек уулу («Дордой»).
Бозингари беҳтарин: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).
Довар дар майдон: Ёқуб Юсуф Қосим Ҳасан ал-Ҳаммадӣ (АМА).
Нозири доварон: Ҷосим Муҳамад ал-Халил (Қатар).
Комиссари бозӣ: Тох Сен Ни (Малайзия).
14 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 16 500 тамошобин.
И В Н П М О
1 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) 1 1 0 0 2-0 3
2 «Алтин Асир» (Туркманистон) 1 1 0 0 2-1 3
3 «Алай» (Қирғизистон) 1 0 0 1 1-2 0
4 «Дордой» (Қирғизистон 1 0 0 1 0-2 0
Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)
«Алтин Асир» (Туркманистон) «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
«Дордой» (Қирғизистон) «Алай» (Қирғизистон)
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд













ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






