Ба нархи барқ тағйирот ворид карда шудааст, вале он ба аҳолӣ дахл надорад

Март 15, 2017 12:23

ДУШАНБЕ, 15.03.2017./АМИТ «Ховар»/. Баъзе аз воситаҳои ахбори омма иттилоъ доданд, ки гӯё нархи барқ дар Тоҷикистон боз баланд бардошта шуда бошад.
Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» аз масъулини ШСХК «Барқи Тоҷик» хоҳиш намуд, ки ин қазияро шарҳ диҳанд.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сардори маркази матбуоти ин ниҳод иброз намуд, ки нархи барқ барои аҳолӣ тағйир наёфтааст ва ин хабар асос надорад. Ба иттилои Нозирҷон Ёдгорӣ, мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017 ба нархи барқ тағйирот ворид карда шудааст, вале он ба соҳаҳои буҷет, нақлиёти барқӣ, инчунин насосҳои қубурҳои об ва истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ дахл дорад.
«Нархи барқ барои аҳолӣ бетағйир буда, ба ҳар киловатт/соат бо назардошти ААИ — 14,65 дирамро ташкил медиҳад»,- илова намуд Ёдгорӣ.
Бояд зикр намуд, ки тарифҳои неруи барқ дар ҷумҳурӣ солҳои охир тадриҷан боло мераванд. Ин ҳолат ба он вобаста аст, ки дар низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳми ШСХК «Барқи Тоҷик» оид ба бунёд ва ба истифода додани иқтидорҳои нави гидроэнергетикӣ, таҷдиду замонависозии иқтидорҳои мавҷуда ва бунёди инфрасохтори энергетикӣ корҳои зиёд ба сомон расонда мешаванд.
Албатта, ин кор барои низоми энергетикӣ ногузир аст, зеро хароҷоти истеҳсолии ширкат пурра рӯпуш намешавад. Илова бар ин, тайи солҳои охир арзиши қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоту маводе, ки барои эҳтиёҷоти истеҳсолии низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа харидорӣ карда мешаванд, ба маротиб афзоиш меёбад.
Ҳамзамон ШСХК «Барқи Тоҷик» энергияи барқро аз ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1» бо тарифи 20,1 дирам ва аз ҶСК «НБО-и Сангтӯда-2» бо тарифи 25,6 дирам барои 1 кВт.соат аз шинаҳо харидорӣ намуда, бо назардошти хароҷоти технологӣ барқи фоиданокро ба истифодабарандагон бо тарифи миёнаи солонаи 11,95 дирам (бо назардошти ААИ) ба фурӯш мебаровард.
Тарифи неруи барқе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол ва ба истифодабарандагон интиқол дода мешавад, нисбат ба тарифи неруи барқи давлатҳои дигари узви ИДМ хеле арзон мебошад. Барои мисол, тибқи маълумоти расмии Кумитаи иҷроияи Шӯрои электроэнергетикии ИДМ, дар соли 2015 тарифи миёнаи 1 кВт.соат неруи барқ дар Ӯзбекистон 3,9 сент, дар Россия 4,59 сент, дар Озарбойҷон 3,3 сент, Арманистон 8,38 сент, Беларус 10,93 сент, Молдова 8,91 сент ва Украина 6,52 сентро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон нархи миёнаи 1 кВт.соат неруи барқ 1,51 сентро ташкил медод.
Нархи баркИмрӯз дар Тоҷикистон нархи 1 кВт.соат энергияи барқ барои аҳолӣ 1,86 сентро ташкил медиҳад.
Бисёриҳо ақида доранд, ки барои истеҳсоли энергияи барқ дар неругоҳҳои Тоҷикистон, ки манбаи истеҳсоли он оби бепул мебошад, хароҷот қариб, ки вуҷуд надорад. Дар асл баробари дигар хароҷот-таъмиру таҷдиди иқтидорҳои истеҳсол ва интиқоли барқ, ҳатто барои об ҳам пул сарф мегардад. Дар асоси муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол Ширкати «Барқи тоҷик» аз ҳисоби истифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ дар НБО-ҳо то 35 млн. сомонӣ тариқи роялтӣ андозбандӣ карда мешавад. Илова бар ин, ташхиси ҳолати техникии иншооти барқии ҷумҳурӣ, ки аз тарафи ширкати олмонии «Fichtner» (Фихнер) дар соли 2011 гузаронида шудааст, андешидани тадбирҳои ҳатмӣ ва фавриро бобати таҷдид ва аз нав барқарор намудани неругоҳҳои Норак, Қайроққум, силанеругоҳҳои Вахш ва Варзоб, инчунин як қатор хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои баландшиддат зарур мешуморад. Аз рӯи нақша танҳо барои таҷдиди неругоҳҳо дар солҳои 2012-2020 ҷалби 1,87 миллиард доллари ИМА зарур шуморида мешавад. Ҳаҷми маблағгузории лоиҳаҳои таҷдид дар асоси меъёрҳои техникии байналмилалии муҳлатҳои кафолатии истифодаи таҷҳизоти асосии неругоҳҳо таҳррезӣ гардидааст. Барои неругоҳҳои барқи обӣ ин муҳлати кафолатии истифодаи бехатари таҷҳизоти асосӣ 40 сол муайян карда шудааст. Аммо агрегатҳои НБО-ҳои «Норак»- солҳои 1972-79, «Сарбанд»-солҳои 1962-63,» Қайроққум»-солҳои 1956-57, «Варзоб-1»-соли 1936, «Варзоб-2»-соли 1949, «Варзоб-3»- соли 1952 ба истифода дода шудаанд.
Андешидани тадбирҳои фаврӣ оид ба таҷдид ва аз нав барқарор намудани онҳо барои таъмини бехатарии энергетикии ҷумҳурӣ зарур аст. Паст будани тарифи неруи барқ, ки хароҷотро намепӯшонад, ҷалб намудани сармояи хориҷиро бобати татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар иншооти муҳими энергетикӣ душвор мегардонад.
Ёдовар мешавем, 30 январи соли равон дар ҷаласаи XVII Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, Намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон Си Си Ю оид ба як қатор масъалаҳои соҳа ибрози назар намуда, аз ҷумла пешниҳод намуд, ки тарифи нархи барқ дар Тоҷикистон баланд бардошта шавад.
Таҳлилгарони Бонки Осиёии Рушд бовар доранд, ки нархномаҳои неруи барқ бояд арзиши пурраи низоми энергетикиро инъикос кунанд. Ин истифодабарандагонро водор месозад, ки неруи барқро самаранок истифода баранд.
Таҳлилгарони бонк зикр мекунанд, ки арзиши неруи барқ дар Тоҷикистон то соли 2007 дар сатҳи бисёр паст қарор дошт. Новобаста ба он ки аз он давра нархи он зина ба зина афзоиш ёфт, ҳоло ҳам нархи қувваи барқ дар Тоҷикистон аз арзиши пешниҳодгардида поёнтар буда, дар ҷаҳон аз ҳама пастттарин боқӣ мемонад.

Март 15, 2017 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Яке аз бузургтарин ҳикмати моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Фитр расидан ба қадри неъматҳо мебошад»
ОГОҲӢ. Хатари лағзиши тарма ва омадани сел дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон то 31 март боқӣ мемонад
Барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Роғун вохӯрӣ доир гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои пешгирии аллергия тарзи ҳаёти солимро бояд интихоб намуд
Табибони Тоҷикистону Чин ҳамкории илмию таълимиро тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шуъбаи эндовидеоҷарроҳӣ ба истифода дода шуд
Аз 24 то 27 март дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сиёҳалафро барои муолиҷаи бемориҳои рӯда ва захми меъда истифода мебаранд
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ИНСОНДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар ҳошияи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд»
Имрӯз дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон боз 697 нафар маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ озод карда шуданд
Пайвандони маҳбусон: «Бахшиши ҷазои маҳкумшудагон намунаи барҷастаи инсондӯстӣ ва меҳру муҳаббати Пешвои миллат нисбат ба мардум мебошад»
Имрӯз дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон 200 нафар маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ озод карда шуданд