Баррасии сатҳи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Австрия дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 01.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Австрия зимни мулоқоти Саидраҳмон Назризода, муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Герхард Сайллер, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қароргоҳаш дар Остона дар Душанбе баррасӣ гардид.
Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон доир ба масъалаҳои тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, рушди соҳаи туризм ва дар ин замина омода намудани мутахассисони баландихтисос табодули назар намуданд.
Дар мулоқот дигар самтҳои ҳамкории иқтисодии барои Тоҷикистону Австрия судманд мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамзамон доир ба ташрифи ҳайати соҳибкорони Австрия ба Тоҷикистон бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






