Бонуи маҳаллаи «Тути калон» кадбонуи беҳтарини Хуҷанд гардид

Март 16, 2017 11:48

ХУҶАНД, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва дар доираи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба эълони  Соли ҷавонон, дирӯз дар чойхонаи  «Сирдарё»-и шаҳр ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи шаҳр, занону бонувони собиқадори маркази вилоят ва фаъолону намояндагони кумитаи маҳаллаҳои шаҳр иштирок намуданд.

Тавре ба хабарнигори минтакавии АМИТ «Ховар» аз шуъбаи кор бо махаллаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, озмуни мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллӣ, арҷгузориву эҳёи ҳунару урфу анъанаҳои мардумӣ, омода намудани дастурхони наврӯзӣ, тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ ва намоиши маҳсули меҳнати дастӣ гузаронида шуда, шаш нафар бонувон- ғолибони давраи аввал байни худ аз рӯи панҷ шарт қуввасанҷӣ намуданд. Ҷавондухтарони соҳибҳунар бо маҳорати хуб ва услуби хоса ҳунарҳои худро дар пазандагиву ороишоти хони идона пешкаши ҳозирон гардонида, огаҳии худро аз таъриху фарҳанги ниёгон ва кадбонуи боистеъдоду ботаҷриба будани худро нишон доданд.

Дар ҷараёни озмун доварон аз ҳунарҳои миллии кадбонуҳо дидан намуда, ба ҳунару маҳорати онҳо баҳои баланд доданд.

Аз рӯи ҷамъбасти озмун Шоҳҷоиза насиби кадбонуи маҳаллаи «Тути калон», ҷои якум насиби намоянда аз маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз» ва ҷойҳои дуюму сеюм насиби иштирокчиён аз маҳаллаҳои «Дӯстии халқҳо» ва «Ҷаббор Расулов» гардид.

 

 

Март 16, 2017 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ