Бонуи маҳаллаи «Тути калон» кадбонуи беҳтарини Хуҷанд гардид
ХУҶАНД, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва дар доираи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба эълони Соли ҷавонон, дирӯз дар чойхонаи «Сирдарё»-и шаҳр ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи шаҳр, занону бонувони собиқадори маркази вилоят ва фаъолону намояндагони кумитаи маҳаллаҳои шаҳр иштирок намуданд.
Тавре ба хабарнигори минтакавии АМИТ «Ховар» аз шуъбаи кор бо махаллаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, озмуни мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллӣ, арҷгузориву эҳёи ҳунару урфу анъанаҳои мардумӣ, омода намудани дастурхони наврӯзӣ, тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ ва намоиши маҳсули меҳнати дастӣ гузаронида шуда, шаш нафар бонувон- ғолибони давраи аввал байни худ аз рӯи панҷ шарт қуввасанҷӣ намуданд. Ҷавондухтарони соҳибҳунар бо маҳорати хуб ва услуби хоса ҳунарҳои худро дар пазандагиву ороишоти хони идона пешкаши ҳозирон гардонида, огаҳии худро аз таъриху фарҳанги ниёгон ва кадбонуи боистеъдоду ботаҷриба будани худро нишон доданд.
Дар ҷараёни озмун доварон аз ҳунарҳои миллии кадбонуҳо дидан намуда, ба ҳунару маҳорати онҳо баҳои баланд доданд.
Аз рӯи ҷамъбасти озмун Шоҳҷоиза насиби кадбонуи маҳаллаи «Тути калон», ҷои якум насиби намоянда аз маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз» ва ҷойҳои дуюму сеюм насиби иштирокчиён аз маҳаллаҳои «Дӯстии халқҳо» ва «Ҷаббор Расулов» гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






