Бори аввал дар Душанбе Шоу-барномаи лазерии видео-мэппинг баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз 23 — 24 марти соли 2017 бори аввал дар Тоҷикистон шоу-барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо истифода аз таҷҳизоти ҳозиразамони лазерии видео-мэппинг дар майдони 800-солагии Москва (майдони назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) баргузор гардид.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, санъатшиносону мутахассисони соҳаи ҳунар чунин шоу-барномаро, ки аз тасвирҳои зинда иборат аст, падидаи нав дар санъати ҷаҳонӣ арзёбӣ карданд.
Ҳазорҳо нафар сокинон ва меҳмонони пойтахти ҷумҳурӣ ин барномаи нави ҳунариро тамошо карда, ба кори созмондиҳандагони он баҳои баланд доданд.








Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад






