Дар Душанбе заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд

Март 1, 2017 09:20

ДУШАНБЕ, 01.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 28 феврал соати 18:42 бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маркази заминларза дар километри 296-уми ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ва дар километри 46-уми шимолу шарқ аз шаҳри Хоруғ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, қувваи заминларза дар марказаш 4 балл, дар шаҳри Хоруғ 3 балл ва шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.
Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

Март 1, 2017 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст