Дар вилояти Хатлон озмуни «Мо ва Шоҳнома» эълон гардид
ДУШАНБЕ, 15.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакари вилояти Хатлон бо мақсади фаъолияти босамари китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ зери унвони «Мо ва Шоҳнома» байни мактаббачагон озмун эълон кардааст. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Тавре аз Мақомоти мазкур иттилоъ доданд, озмун баъди чопи дастури таълимӣ-методӣ ба созмондиҳандагони Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз гардида, ғолибон дар рӯзи ҷамъбасти ин Фестивал- 9 апрели соли 2017 эълон карда мешаванд.
«Хонандагони фаъол, шоҳномадону шоҳномахонони то 16-сола, роҳбарони хониш, омӯзгорон ва падару модарон метавонанд то 1 апрел дар Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Ш. Шоҳин номнавис гардида, дастур ва саволномаҳоро дастрас намоянд. Баъди баргузории озмуни вилоятӣ ба беҳтаринҳо роҳхат барои иштирок дар чорабинии ҷумҳуриявӣ аз ҷониби китобхона супорида мешавад»,- иттилоъ доданд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






