Фарангис Нуруллохоҷа соҳиби ҷоизаи тиллоии «Мусиқии ҷаҳонӣ»- (Global Music) гардид

Март 30, 2017 17:40

ДУШАНБЕ, 30.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Оҳангсози машҳури Тоҷикистону Канада, набераи бастакори шинохтаи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ- Фарангис Нуруллохоҷа соҳиби ҷоизаи тиллоии «Мусиқии ҷаҳонӣ» — (Global Music) гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ « Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, Фарангис Нуруллохоҷа Ҷоизаи тиллоиро моҳи марти соли 2017 зимни баргузории як зумра консертҳои оркестри ҷаҳонии симфонӣ ба даст овардааст.
«Консертҳои Фарангис Нуруллохоҷа таҳти унвони «Абадияти лаҳза» дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла дар Россия, Шветсия ва Швейтсария мухлисони зиёде пайдо намудаанд ва ин боис гардид, ки муаллиф ба чунин дастовард ноил гардад»,- мегӯяд манбаъ.
Моҳи апрели соли равон асари мазкур ба ҳаводорони санъати мусиқии классикии шаҳри Ню-Йорк пешниҳод карда мешавад.
Фарангис Нуруллохоҷа дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, таҳсили худро аввал дар Консерваторияи Шветсия, баъдан дар Амрико ва Франсия идома додааст. Ӯ ҳоло дар Канада, дар шаҳраки назди Монреал зиндагӣ ва фаъолият дорад.

Март 30, 2017 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд