Фархор: Анъанаву суннатҳои наврӯзӣ бо мазмуну шакли хеш манзури иштирокчиён мегарданд
ДУШАНБЕ, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имсол ҷашни Наврӯзи вилояти Хатлон дар ноҳияи Фархор баргузор мегардад. Дар ин бора Қарори раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба тасвиб расидааст.
Яке аз масъулони ин барнома мудири маорифи ноҳияи Фархор Ғазалшоҳ Сафарзода дар робита ба вазъи омодагӣ зикр намуд, ки алҳол тамоми тадбирҳои омодагӣ дар доираи нақшаи тарҳрезинамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Фархориён талош доранд, ки ҷашни «Наврӯзи Хатлон-2017»-ро намунавору хотирмон баргузор намоянд. Қисмати театрикунонидашудаи намоиши наврӯзӣ аслан дар ихтиёри муҳассилини муассисаҳои таълимӣ қарор дорад. Масъулини қисмати мазкур талош доранд ҳама он анъанаву суннатҳои то ба имрӯз расидаи Наврӯзи ниёгонамонро бо тамоми мазмуну шакли аслиашон манзури иштирокчиён намоянд.
«Бо мақсади ба Наврӯзи ҷаҳонӣ шаҳомату мазмуни тоза бахшидан як зумра озмунҳои фаннию фарҳангӣ, аз ҷумла «Суханвар», «Донишвари умедбахш», «Ҳофиздонӣ», «Бедилдонӣ», «Шоҳномахонӣ», «Лоиқхонӣ», «Чилкокули фархорӣ»-ро ба таври муташаккил роҳандозӣ намуда, баъдан қисмате аз ғолибони озмунҳои мазкурро ба ҷашни «Наврӯзи маориф» даъват менамоем»,- илова намуд манбаъ.
Наврӯзи Хатлон дар варзишгоҳи шаҳраки Фархор баргузор мегардад, ки он дорои 10 ҳазор ҷойи нишаст буда, ба таври идона оро дода шудааст. Варзишгоҳи мазкур яке аз беҳтарин варзишгоҳҳои ҷумҳурист.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






