Фестивали «Навниҳолони боғи санъат» кӯдакони боистеъдоди минтақаҳои кишварро ҷамъ овард

Март 14, 2017 14:33

ДУШАНБЕ, 14.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали ҷумҳуриявии эҷодиёти бадеии наврасон «Навниҳолони боғи санъат» баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар фестивал наврасон ва кӯдакони боистеъдод аз ҳамаи минтақаҳои кишвар, хонандагони Мактабинтернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев ва мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб иброз дошт, ки «мо дар сар то сари кишварамон байни наврасон ва кӯдакон истеъдодҳои нодир дорем, танҳо барои рӯи саҳна овардани онҳо меҳнат ва ғайрат лозим аст».
Барномаи консертии «Навниҳолони боғи санъат» аз ҷониби аҳли толор бо кафкӯбиҳои бардавом ва гулу гулдастаҳо истиқбол гардид. Ба санъаткорони хурдсол ва наврас, ки дар сатҳи баланд ҳунарнамоӣ намуданд, Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати фарҳанг супорида шуданд.

Фестивали боги санат

Март 14, 2017 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд