Иди аҷдодии Наврӯзро дар Вашингтон таҷлил намуданд

Март 23, 2017 09:38

ДУШАНБЕ, 23.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА бо дастгирии ҶСШК “Ориёнбонк” ва ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ИМА бахшида ба ҷашни Наврӯз ва “Соли ҷавонон дар Тоҷикистон” чорабинии фарҳангӣ барпо намуд. Дар чорабинӣ намояндагони Котиботи давлатии ИМА, корпуси дипломатӣ ва ҳамватанони муқими ИМА ширкат варзиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ  ҶТ хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки зимни чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим, Муовини ёвари котиби давлатӣ оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Даниел Розенблум ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони Ҳавзаи Колумбия, штатҳои Ню Йорк ва Калифорния суханронӣ намуда, ҳозиринро бо иди аҷдодии Наврӯз табрик намуданд.
Инчунин, дар чорабинӣ гӯшаи фарҳангӣ бо гулдӯзиҳои суннатии тоҷикӣ ва бо намоиши ҳафт сину ҳафт шин оро дода шуд.

Март 23, 2017 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ