Имсол Наврӯзро дар Маскав аввали апрел дар ВДНХ ҷашн мегиранд

Март 15, 2017 08:06

ДУШАНБЕ, 15.03.2017./АМИТ «Ховар»/.  Имсол Иди  байналмилалии Наврӯз дар Маскав якуми апрел дар толори рақами 75-и Намоигоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ (ВДНХ) ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора агентии иттилоотии «Sputnik» бо истинод ба Раиси Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав Хуршеда Ҳамроқулова хабар дод.

Хуршеда Ҳамроқулова далели ин таъхирро «холӣ набудани толор дар   ВДНХ — макони баргузории ҷашн дар Маскав» гуфт. «Аввал қарор буд, ки Наврӯз дар Маскав рӯзҳои 25 — 26-уми март, ки рӯзҳои таътил ҳастанд, ҷашн гирифта шавад. Аммо дар ин рӯзҳо толори 75-уми ВДНХ, ки барои баргузории ҷашнҳои бузург муносиб аст, холӣ нест. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки ҷашни Наврӯзро якуми апрел баргузор кунем», — гуфт Хуршеда Ҳамроқулова.   Вай афзуд: «Наврӯзро аз қадимулайём 14 рӯз ҷашн мегирифтанд ва ишколе надорад ки мо ҷашнамонро дар 10-умин рӯз баргузор мекунем».

Ёдовар мешавем ки порсол Наврӯз дар Маскав 20-уми март ҷашн гирифта шуд. Дар он ҷашн беш аз 35 ҳазор кас ширкат кард. Дар чорчӯби барномаҳои он ҷашн барномаи консертӣ, мусобиқаи гӯштингирӣ, ҷашнвораи хӯрокҳои миллии эронитаборон ва ҳамчунин бархе аз мардумони туркизабон баргузор шуданд. Хуршеда Ҳамроқулова гуфт, ки имсол шумораи боздидкунандагон нисбат ба порсол бештар хоҳад шуд: «Имсол дар барномаи наврӯзӣ намояндагони Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Тотористон, Бошқирдистон ва дигар кишварҳо ширкат хоҳанд кард». Вай гуфт, ки имсол барномаи бошукӯҳи консертӣ бо ширкати ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ноҳид Зайналпур, Аскаралӣ Гулов, Шаҳзод Ҳакимов, гурӯҳи созу овози «Эхо Памира», гурӯҳҳои рақсии «Гулчин» ва «Нур» баргузор хоҳад шуд. Ба гуфти раиси Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав, дар барномаи имсола ҳамчунин баргузории ҷашнвора-озмуни «Ойини палавпазӣ» баргузор карда мешавад: «Ошпазон дар назди мардум ҳунари худро нишон хоҳанд дод».

Ҷашни Наврӯз имсол низ чун ҳар сол дар толори 75-уми ВДНХ баргузор мешавад. Барномаҳо аз соати 10 субҳ оғоз шуда соати 10 шаб ба поён мерасанд. Боздид аз барномаҳо озоду ройгон аст.

Навруз Москва-4

Навруз Москва-5 Навруз Москва-2

 

ДАР АКСҲО: Раиси Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав Х. Ҳамроқулова; лаҳзаҳо аз ҷашнгирии Наврӯз дар Маскав дар солҳои қаблӣ.

Март 15, 2017 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат барномаи фарҳангӣ доир шуд
«МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ». Ин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид
Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид
Дар Эрон Фестивали байналмилалии «Фаҷр» баргузор гардид
Сокинони шаҳри Бӯстон соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мегарданд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ шуданд
Ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия бо мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос шуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ меёбанд
Туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба 60 ҳазор оилаи шаҳри Панҷакент тақдим мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегарданд