Иштироки С.Аслов дар чорабинии сатҳи баланд «Тағйирёбии иқлим ва Рӯзномаи рушди устувор»

Март 25, 2017 09:32

ДУШАНБЕ, 25.03.2017 /АМИТ «Ховар»/.  23 марти соли 2017 дар қароргоҳи СММ дар ш. Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Тағйирёбии иқлим ва Рӯзномаи рушди устувор» ширкат ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронии худ Вазири корҳои хориҷӣ иттилоъ дод, ки Тоҷикистон моҳи феврали соли ҷорӣ Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлимро ба тасвиб расонидааст, ки он пояи мустаҳкамеро барои иқдомҳои муштараки минбаъда дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим таъмин хоҳад кард.Таъсири афзояндаи оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба вазъи экологии кишвар, аз ҷумла таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба миқдору сифати захираҳои об низ зикр гардид.

С. Аслов ҳамчунин ба аҳамияти тасдиқи тадбирҳои мутобиқшавӣ, ки ҷузъи асосии рушди устуворро ташкил медиҳанд таъкид намуда, ёдрас кард, ки Тоҷикистон Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи миллӣ барои коҳиши оқибатҳои тағйирёбии иқлимро қабул намудааст. Тазаккур дода шуд, ки Стратегияи миллӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таҳия шуда истодааст ва дар он таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйиёрбии иқлим дода хоҳад шуд.

Март 25, 2017 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд