Коршиносони олмонӣ барои духтурони Тоҷикистон аз рӯи стандартҳои психотерапевтӣ тренинги омӯзишӣ гузарониданд

Март 16, 2017 10:47

ДУШАНБЕ, 16.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тайи ду рӯзи охир коршиносони олмонӣ барои духтурони Тоҷикистон аз рӯи стандартҳои психотерапевтӣ доир ба беҳтаргардонии муолиҷаи истеъмолкунандагони маводи нашъаовар тренинги омӯзишӣ гузарониданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» ҳамоҳангсози миллии Барномаи CADAP дар Тоҷикистон Мавҷигул Азизуллоева хабар дод, тренерон дар бораи чӣ тавр дар марҳилаи аввал муайян ва пешгирӣ кардани нашъамандон, дастгирии онҳо зимни табобат ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуданд.
Ба омӯзиши мазкур 18 нафар табибон ва кормандони иҷтимоӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо коршиносон аз Олмон, Беларус ва Австрия дарс гуфтанд. Пас аз хотимаи ин силсила омӯзишҳо коршиносони маҳаллӣ соҳиби сертификатҳои Донишгоҳи фанҳои амалии Франкфурт мешаванд.
Яке аз вазифаҳои барномаи CADAP 6 ин паст кардани талабот ба маводи нашъаовар мебошад. Барномаи мазкур аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, бо Консортсиуми кишварҳои Нидерландия, Ҷумҳурии Чехия, Полша ва Олмон дар якҷоягӣ бо ташкилоти Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) амалӣ гашта истодааст.

Март 16, 2017 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст