Мӯҳсин Муҳаммадиев: «Оғози нек-фоли нек»

Март 15, 2017 11:13

ДУШАНБЕ, 15.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз бозии даври аввали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар гурӯҳи «D» бо ширкати дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Дордой»-и Қирғизистон, ки бо натиҷаи 2:0 бо пирӯзии «Истиқлол» ба анҷом расид, нишасти матбуотӣ доир гашт.
Сармураббии дастаи «Истиқлол» Мӯҳсин Муҳаммадиев ба саволи хабарнигорон ҷавоб дода, гуфт: «Ғалаба дар бозии аввал- ин фоли нек аст. Дастаи «Дордой» ҳам бозии хуб нишон дод. Мо, ки ҳарифро хуб омӯхта будем, имкониятҳои худро истифода бурдем. Агар ҳама фурсатҳои голзанӣ истифода мешуданд, ҳисоб хеле калон мешуд. Ман ба бозингарон ташаккур мегӯям, ки бо тамоми ҳастӣ ҳунарнамоӣ карданд. Минатдории бепоёни худро ба мухлисон, ки дар ин бозӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд, мерасонам. Ҷаҳонгир Алиевро дар нимаи дуюм иваз карданамон аз он хотир буд, ки ӯ худро бад ҳис кард ва мо маҷбур будем ӯро иваз кунем. Ромиш Ҷалилов аз уҳдаи бозӣ хуб баромад. Қобилияташ нишон медиҳад, ки ӯ бозингари ҳайати асосии даста аст, на эҳтиётӣ. Баъд аз ду ҳафта Фарҳод Восиев ҳам ба машқҳо фаро гирифта мешавад».
Фатҳулло Фатҳуллоев, капитани «Истиқлол» дар ин нишасти матбуотии баъдибозӣ ба мухлисони футбол, ки ба Варзишгоҳи марказӣ омада буданд, изҳори ташаккур карда, гуфт: «Мухлисон моро ба пеш мехонданд ва ин ғалаба бо саҳми онҳо ба даст омад. Боварӣ дорам, ки дар бозиҳои оянда шумораи онҳо боз ҳам бештар мегардад. Мо ҳам кӯшиш кардем, ки бозии хуби худро нишон диҳем. Агар сад фоиз бозӣ накарда бошем ҳам, муҳим ғалаба буд ва он насиби мо гардид».
Ёдовар мешавем, ки 14 март дастаи «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии пойтахт дар ҳузури 16,5 ҳазор мухлис бар дастаи «Дордой» -и Қирғизистон бо натиҷаи 2:0 ғалаба кард.

Март 15, 2017 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд