Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд
ДУШАНБЕ,17.03.2017 /АМИТ «Ховар» /. Имрӯз мулоқоти Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таҳти роҳбарии Талай Асилбеков доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо идомаи ҳамкориро дар соҳаи инфрасохтори мунисипалӣ, бахусус бахшҳои гармидиҳӣ, хизматрасонии нақлиёти шаҳрӣ, поккории санитарии ҳудудҳо (тоза кардани кӯчаҳо, идораи партовҳои маишӣ), обтаъминкунӣ ва ғайра ҳамаҷониба таҳлил намуда, роҳу усулҳои рушду тавсеаи робитаҳоро муайян карданд.
Дар вохӯрӣ дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.








НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад






