Ҷоми КФО-2017: оғози фурӯши билетҳо ба бозии «Истиқлол» ва «Дордой»
ДУШАНБЕ, 10.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Фурӯши билетҳо ба бозии аввалини гурӯҳи «D»-и Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бо ширкати дастаҳои «Истиқлол» ва «Дордой»-и Қирғизистон, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, 14-уми март, соати 18:30 оғоз мегардад, шурӯъ шуд. Билетҳо дар хазинаи Варзишгоҳи марказӣ ва мағозаи «Joma» фурӯхта мешаванд. Арзиши чиптаҳо ба нишастгоҳи марказӣ -20 сомонӣ, минтақаи сабз-50 сомонӣ ва нишастгоҳҳои боқимонада -10 сомонӣ муқаррар шудааст.
Баъд аз анҷоми вохӯрӣ бозии лотерея (аз рӯи билетҳо) гузаронида мешавад ва ғолибон сазовори телефони мобилии навтарин, ноутбук ва планшет мегарданд.
Ёдрас мешавем, ки бозӣ 14 март, соати 18:30 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мегардад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






