Пагоҳ даври ниҳоии озмуни «Биё бо ҳам бихандем» оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 01.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 2 марти соли 2017, дар қасри фарҳанги шаҳри Турсунзода даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё бо ҳам бихандем» оғоз мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Озмуни ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардида, дар он дастҳои ҳунарӣ аз шаҳру навоҳии кишвар, ки дар даври аввал ғолиб омада буданд, байни ҳам қуввасанҷӣ мекунанд.
Мақсади асосии озмуни ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё бо ҳам бихандем» ривоҷу равнақи фаъолияти гурӯҳҳои ҳаҷвнигорони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пайдо намудани чеҳраҳои нав, ҷалби бештари мардум ба ҳаҷв, бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷомеа ва фароҳам овардани шароити хуб мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






