Рамазон Раҳимзода аз заминҳои хоҷагии ёрирасони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дидан кард
ДУШАНБЕ, 17.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аз заминҳои хоҷагии ёрирасони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дидан карда, барои вусъат додани ҷараёни кишту кори баҳорӣ, тоза намудани навдаҳои дарахтони мевадиҳанда, токзор ва шинонидани дарахтони мевадиҳандаи гуногун ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Тарзи дурусти парвариши дарахтон, обёрӣ ва истифодаи нуриҳои минералӣ, ҳамчунин истифодаи дурусти техникаи кишоварзӣ аз масъалаҳои асосие буданд, ки мавриди таваҷҷуҳи Вазири корҳои дохилӣ қарор гирифтанд. Мавриди зикр аст, ки заминҳои хоҷагии ёрирасони ВКД дар деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир буда, масоҳати 27 гектарро ташкил медиҳанд. Барои обёрӣ намудани заминҳои хоҷагии ёрирасон 3 чоҳи амудӣ барои обкашӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо дар як сония 70 литр об кашида мешавад. Дар ин заминҳо маҳсулоти ғалладона ва дигар навъҳои сабзавот, аз қабили гандум, нахӯд ва намудҳои гуногуни маҳсулоти хоҷагии қишлоқ кишт карда мешаванд.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои хоҷагидорӣ Рамазон Раҳимзода ба масъулини соҳа ҷиҳати киштгардону шудгори заминҳо, ҷалби мутахассисони соҳаи боғу токпарварӣ ва баланд намудани ҳосилнокии замин супоришҳои мушаххас дод.
Бояд гуфт, ки маҳсулоти гуногуни меваҷот барои таъминоти ҳайати шахсии қисми низомии 3501-и Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ва курсантони факултети №4-и Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд мунтазам фиристода мешаванд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






