Ширкати «Помирэнерҷӣ» ба 100 нафар тарбиятгирандагони Мактаб- интернати ноҳияи Рӯшон туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим кард
ХОРУҒ, 21.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» соли чаҳорум боз дар ҳар як иду маросими миллӣ ба аёдати тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ меоянд ва ба онҳо маводи гуногуни хониш ва либос туҳфа мекунанд. Сухангӯи Маркази матбуоти ин ширкат Игор Насиллобеков дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «пас аз дастури Пешвои миллат ба раҳбарони идораву муассисаҳо ва соҳибкорону тоҷирон дар хусуси дастгирии оилаҳои камбизоат ва ятимону бепарасторон ширкати мо тасмим гирифт, ки аз ин ба баъд сарпарастии Мактаб-интернати мазкурро ба уҳда гирад. Мо на танҳо дар рӯзҳои иду маросим ба онҳо туҳфа тақдим мекунем, балки ҳар мушкиле, ки дар ин таълимгоҳ пеш ояд, дар ҳалли он саҳм мегузорем».
Ба гуфтаи Игор Насиллобеков, дар остонаи иди Наврӯз ширкати онҳо ҳамчунин ба хонаводаи камбизоати маҳаллаи Хоруғи боло ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ либосворию озуқа кумак намуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






