Тоҷикистон дар раддабандии нави футболи ҷаҳон мавқеашро дигар накард
ДУШАНБЕ, 10.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар раддабандии нави FIFA, ки дирӯз ба нашр расид, дастаи мунтахаби Тоҷикистон мавқеашро дигар накарда, дар мақоми 133-ум боқӣ монд. Ин дар ҳолест, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон ду моҳи охир бозиҳои дӯстона ва расмии худро барпо накардааст.
Миёни дастаҳои мунтахаби Осиё низ мавқеи Тоҷикистон иваз нашуд ва дар зинаи 20-ум қарор дорад. Дар ин нишондод дар Осиё ҳамоно дастаи мунтахаби Эрон дар ҷои аввал (32-ум дар ҷаҳон,-3*), Кореяи Ҷанубӣ дуюм (39,-2) ва Ҷопон дар зинаи сеюм (52, -3) мебошанд.
Дар ҷаҳон мутаносибан дастаҳои мунтахаби Аргентина (1644), Бразилия (1534) ва Олмон (1443) се зинаи аввалро ишғол мекунанд.
Пешравӣ ва дастоварду нишондоди беҳтарин дар таснифоти нав ба дастаи мунтахаби Суринам тааллуқ дорад. Футболбозони ин кишвар 9 зина боло рафта, мавқеашонро аз ҷои 129-ум ба 120-ум иваз карданд. Дастаи нишододаш аз ҳама паст, ки 13 зина поён рафтааст, намояндаи Конфедератсияи футболи Осиё- дастаи мунтахаби Миянма ба шумор меравад. Онҳо аз мақоми 159-ум ба 172-юм гузаштанд.
Рейтинги FIFA аз соли 1993 инҷониб гузаронида шуда, имтиёзҳо аз рӯи натиҷаи нишондодаи дастаҳои мунтахаби миллии кишварҳо дар давоми чор сол дода мешаванд.
Феҳристи нави FIFA 6 апрел ба нашр хоҳад расид.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






