В. Путин: «Россия ва Тоҷикистон ҳамкории тиҷоратиро бояд фаъолтар созанд»

Март 1, 2017 11:38

ДУШАНБЕ, 01.03.2017 /АМИТ «Ховар/. «Россия ва Тоҷикистон бояд барои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ шароити иловагӣ ба вуҷуд оранд»,- изҳор дошт президенти Россия Владимир Путин.
Путин пас аз музокирот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27 феврал таъкид дошт, ки лоиҳаҳои муштараки бузург дар соҳаи энергетика мавҷуданд, аз ҷумла НБО-и бо иштироки Россия бунёдшуда 12% неруи барқи дар Тоҷикистон тавлидшавандаро истеҳсол мекунад.
«Созишномаи байниҳукуматии имзошуда дар соҳаи энергияи атомӣ бо ҳадафҳои осоишта барои кори муштарак дар ин соҳаи муҳим имконоти навро фароҳам меорад. Ин, пеш аз ҳама, ҳалли мушкилоти экологӣ аст»,- тазаккур дод В. Путин.

Март 1, 2017 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд