Зарару оқибатҳои ногувори амалҳои коррупсионӣ зимни вохӯриҳо муҳокима шуданд
ДУШАНБЕ, 15.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Роҳу усулҳои пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ дар вохӯрии навбатии масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи С. Раҳимов муҳокима гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, намояндагони масъули агентӣ, аз ҷумла, дар мавзӯи таҳлили хавфҳои коррупсия, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он сухан гуфтанд. Ҳамчунин, моҳият ва ҳадафи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба ҳозирин шарҳ дода шуда, пешниҳод гардид, ки баҳри таъмини иҷрои саривақтии бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои он, пеш аз ҳама, роҳбарияти вазорату муассисаҳо бештар талош варзида, корро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд.
Мақсади вохӯриҳо аз иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муқовимат ба коррупсия ва паст намудани шиддати он дар ҷумҳурӣ, инчунин фаҳмондани мафҳуму моҳияти коррупсия, зуҳуроти номатлуби он дар ҷомеа ва зарари манфии он дар пешрафту шукуфоии давлат иборат аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






