Ҳамоиши байналмилалӣ ба ифтихори 100-солагии Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Туҳфа Фозилова

Апрель 18, 2017 15:45

ДУШАНБЕ, 18.04.2017/АМИТ «Ховар»/. «Анъана ва меросбарӣ дар фарҳанги театрию мусиқии мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз»- таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 100-солагии яке аз ҳунармандони мумтози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Артисткаи халқии СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, шодравон Туҳфа Фозилова (1917-1984) ҳамоиши байналмилалии илмӣ доир гардид. Дар ҳамоиш, ки бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд, олимону донишмандон ва мусиқишиносон аз кишварҳои Тоҷикистон, Россия, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, инчунин адибону донишмандон доир ба сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷ гузоштан ба истеъдод ва ҳунари волои шахсиятҳои бузурги фарҳангӣ, бахусус ҳунарпешаи маъруф Туҳфа Фозилова ибрози назар намуданд. Ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов доир ба робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон дар симои Туҳфа Фозилова сухан кард.
Таъкид гардид, ки Туҳфа Фозилова бо ҳунари нотакрори саҳнаороию ҳунармандӣ дар рушди санъати мусиқӣ ва театри тоҷик саҳми шоиста гузоштааст. Номбурда дар баробари сарояндаи хушсалиқа будан дар ташаккули санъат ва мактаби актёрӣ, инчунин театри касбии тоҷик ба ҳайси устод нақши бузург гузошт. Туҳфа Фозилова дар саҳнаи театри драмавии тоҷик нақшҳои зиёде аз драматургияи миллӣ ва ҷаҳонӣ офаридааст, ки Ҳалима («Ҳалима»- Ғ. Зафарӣ), Гулсара («Гулсара»-К.Яшин), Гулнор («Дохунда»-Ҷ. Икромӣ), Моҳтоб («Духтари ноком» Ҷ. Икромӣ), Бону («Рӯдакӣ»-С. Улуғзода ), Гонериля («Шоҳ Лир»-В. Шекспир), Милфорд («Макр ва муҳаббат»-и Ф.Шиллер), Гертруда («Модарандар»- О. Балзак) аз ҷумлаи онҳоянд.
Инчунин Туҳфа Фозилова дар рушди санъати синамои миллӣ саҳми бориз гузошта, дар филмномаҳои «Дохунда», «Ибни Сино», «Тӯфон дар Осиё», «Зумрад», «Имрӯз ва фардо», «Достони ду дилдода» нақш офаридааст.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки саҳми Туҳфа Фозилова дар тарғибу иҷрои мусиқии мардумию классикӣ ва оҳангсозии тоҷик ва кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ бузург аст. Туҳфа Фозилова чун сарояндаи бомаҳорат тарона, суруд, бадеҳаҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, суруду романсҳои бастакорони тоҷику ӯзбекро ба таври нотакрор пешкаши дӯстдорони мусиқӣ гардонидааст. Беш аз чил суруду таронаҳои Туҳфа Фозилова дар Хазинаи тиллоии радиои тоҷик маҳфузанд, аз ҷумла «Алла», «Берун биё», «Бихандад лола», «Гулумой», «Дар кӯҳу дар дашт», «Ёр меояд», «Ёри мастчоҳӣ», «Чашмони ҷоду», «Шоҳдухтар», «Сабзак дона-дона», ки бо гузашти солҳои тӯлонӣ то ба ҳол вирди забони мардуманд. Бояд тазаккур дод, ки хизматҳои шоиста ва саҳми босазои устоди санъати тоҷик Туҳфа Фозилова дар ташаккули санъати касбии тоҷик бо унвону ҷоизаҳо, ифтихорномаҳои давлатии СССР, ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардидаанд. Соли 1985 Театри мусиқию драмавии шаҳри Конибодом ба номи Тӯҳфа Фозилова гузошта шуд.
Мавриди зикр аст, ки соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 100-солагии бунёдгузори кохи санъати тоҷик Туҳфа Фозилова таҷлил мегардад. Туҳфа Фозилова дар тӯли умри пурбарати худ тавонист бо маҳорати баланди касбӣ- сарояндагӣ ва саҳнаофарӣ дар ташаккул ва муаррифии фарҳанги тоҷикон саҳми шоиста гузорад.
Иштирокдорони ҳамоиши байналмилалӣ ҳамзамон доир ба дигар паҳлӯҳои ҳаёт ва фаъолияти нобиғаи санъати тоҷик Туҳфа Фозилова ибрози назар намуданд.

Конфронси Тухфа Фозилова (11)

Апрель 18, 2017 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр Фестивали 13-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид