Ҷавонон пешбарандаи илми тоҷиканд
ДУШАНБЕ, 19.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи таҷлили Ҳафтаи илм дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи илмию назариявии ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуд.
Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, дар он намояндагон аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Қудрат Давлатзода зикр кард, ки «дар конфронси имрӯза, ки натиҷаи пажӯҳишҳои илмии ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада мебошад, масъалаҳои тараққиёти низоми молиявӣ, самтҳои алоҳидаи он, аз қабили омору ҳисобдорӣ, фаъолияти муносибатҳои хориҷӣ, андозу андозбандӣ, таҳлил ва назорати аудиторӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии минтақавӣ мавриди баҳсу таҳлил қарор мегиранд».
Дар конфронс дар мавзӯъҳои «Самтҳои афзалиятноки илми иқтисодиёт дар татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии рушди миллӣ», «Стратегияи миллии рушд то давраи соли 2030: роҳҳои татбиқи он» «Ҷавонон ва Ваҳдати миллӣ» маърӯзаҳо шунида шуданд.
Конфронс пагоҳ, 20 апрел корашро идома медиҳад ва 24 апрел ҷамъбаст гардида, пешниҳодҳои илман асосноки амалишаванда ба мақомоти дахлдор ирсол мегарданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






