Аъзои хоҷагии «Сомониён»-и ноҳияи Ашт ба иқдоми нек даст заданд
ДУШАНБЕ, 01.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт бо иштироки раиси ноҳия Зариф Мирдадо пойгоҳи обкашӣ ба фаъолият оғоз кард.
Зариф Мирдадо ба аъзои хоҷагии деҳқонии «Сомониён», ки дастгоҳи обкашии солҳои зиёд корношоямро барқарор намуданд, миннатдорӣ баён карда, афзуд, ки деҳқонони асилу пуртаҷрибаи ҷамоат мисли пештара истифодаи обу заминро хуб ба роҳ монда, барои рӯёнидани ҳосили баланди маҳсулоти кишоварзӣ саҳмгузор мегарданд.
Дастгоҳҳои ин пойгоҳи обкашӣ бо харҷи зиёда аз 55 ҳазор сомонӣ барқарор гардида, беш аз 100 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмондаро бо об таъмин менамоянд. Пойгоҳ дорои се дастгоҳи обкашӣ буда, ҳар яке ба андозаи то 350 литр дар як сония оби полезиро таъмин менамояд. Хати нави сохташуда дар ин мавзеъ фарогири 750 метр мебошад.
Соли равон дар ин заминҳо сабзавот, аз қабили пиёз, картошка, мош, лӯбиё, нахӯд ва хӯроки чорво кишт карда мешавад. Дар солҳои минбаъда дар заминҳои мазкур бунёди токзор ва дарахти хуч дар назар аст.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






