Чемпиони Қирғизистон ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 17.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Қирғизистон оид ба футбол- дастаи «Олой»-и шаҳри Ӯш барои бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар гурӯҳи «D» бо дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба пойтахти кишварамон омад.
Ҳайати даста аз 18 нафар бозингарон таркиб ёфтааст, ки 4 нафарашонро легионерҳо ташкил медиҳанд. Дар ин қатор дарвозабони асосии тими мунтахаби Тоҷикистон Абдуазиз Маҳкамов низ ҳузур дорад.
Шоми дирӯз дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе меҳмонон аввалин тамрини худро ба сомон расониданд.
Ҳайати «Олой» аз ин бозингарон иборат мебошад:
Дарвозабонҳо Абдуазиз Маҳкамов (Тоҷикистон), Марат Мамасодиқов, Абдулнур Мамитов.
Ҳимоятгарон Илёс Олимов, Шӯҳрат Раҳмонов, Нурсултан Отамирзоев, Бекбулат Акматалиев, Акрамҷон Умаров, Улуғбек Рисқулов.
Нимҳимоятгарон Сидибе Модибо (Нигерия), Бакит Маматов, Аброр Қодиралиев, Одилҷон Абдураҳмонов, Абдурашид Саидраҳмонов.
Ҳамлагарон — Умарбек Тухтасинов (Ӯзбекистон), Мақсад Олимов, Владимир Верёвкин, Алиа Силла (Гвинея).
Сармураббӣ: Неъмат Кошоков
Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси Душанбе» нишасти матбуотии сармураббиёни дастаҳо бо хабрнигорон баргузор мешавад.
Бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Олой» 18 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 19:00 шурӯъ мегардад.
Тавре хабар дода будем, ин вохӯриро довари ФИФА Ҳироюки Кимура аз Ҷопон бо ёваронаш Наги Тошиюки ва Синдзи Очи ҳакамӣ мекунанд. Довари эҳтиётӣ Аҳмад Яъқуб Иброҳим аз Урдун мебошад.
Бозии дигари ин гурӯҳ бо иштироки дастаҳои «Дордой-и Қирғизистон ва «Олтин Асир»-и Туркманистон дар мизбонии «Дордой» барпо хоҳад шуд.
Баъди натиҷаи ду даври мусобиқа дар гурӯҳи «D» дастаҳои «Истиқлол» ва «Олтин Асир» соҳиби 4 имтиёз ҳастанд. «Дордой» се имтиёз дошта, «Олой» имтиёзе надорад.
Ҷоми AFC-2017
Гурӯҳи «D». Минтақаи марказӣ
Даври 1-ум
14 март (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) «Дордой» (Қирғизистон) 2:0
«Олой» (Қирғизистон) «Олтин Асир» (Туркманистон) 1:2
Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)
«Олтин Асир» (Туркманистон) «Истиқлол» (Тоҷикистон) 1:1
«Дордой» (Қирғизистон) «Олой» (Қирғизистон) -1:0
Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) «Олой» (Қирғизистон)
«Дордой» (Қирғизистон) «Олтин Асир» (Туркманистон)
Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) «Дордой» (Қирғизистон)
Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)
«Дордой» (Қирғизистон) «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) «Олой» (Қирғизистон)
Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) «Дордой» (Қирғизистон)
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






