Довталабоне, ки рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродии худро фаромӯш кардаанд, метавонанд бо фиристодани SMS-паёмак онро барқарор намоянд
ДУШАНБЕ, 04.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои довталабоне, ки рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродии худро фаромӯш кардаанд ё бо сабабҳои гуногун ба он ворид шуда наметавонанд, мерасонад, ки рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродиашонро метавонанд бо фиристодани SMS-паёмак аз телефони мобилиашон барқарор намоянд. Хизматрасонии мазкур танҳо барои муштариёни операторҳои алоқаи мобилии Билайн, Вавилон-М, Мегафон ва Тселл дастрас мебошад.
Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Фиристодани SMS-паёмак пулакӣ буда, арзиши он 1 (як) сомониро дар бар мегирад.
«Довталаб наметавонад рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродиашро бо истифода аз телефони мобилие барқарор созад, ки рақами онро дар вақти бақайдгирӣ нишон надодааст ё онро ҳамчун телефони хона ба қайд гирифтааст»,-хабар доданд аз Маркази миллии тестӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






