«Файзу баракати Ҳисор» ба кишти пахта оғоз кард
ДУШАНБЕ, 11.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо иштироки Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Изатулло Сатторӣ, Вазири кишварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифҷон Ҷумъазода, Раиси шаҳри Ҳисор ва пирони кору кишоварзон дар хоҷагии деҳқонии «Файзу баракати Ҳисор» мавсими кишти пахта оғоз гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд, Маҳмадтоҳир Зокирзода оид ба бартарияти кишти пахта, истифодаи самараноки замин, таъмини оби полезӣ, омодагии техникаҳо ба мавсими кишт ва дигар масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ маслиҳати муфид дода, ҳозиринро даъват кард, ки ҳар ваҷаб заминро мақсаднок истифода намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳмгузор бошанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар минтақаи мазкур 80 гектар замин барои кишти пахта омода аст.
Шарифҷон Ҷумазода бо эътимод таъкид кард, ки дар ҷавоби ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони шаҳри Ҳисор омодаанд иҷрои нақшаҳои меҳнатиро барзиёд таъмин намуда, дар ободии Тоҷикистон саҳм гузоранд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






