Хабарнигори шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» дар кинофестивали «Нигоҳи баробар» ҷоизаи асосӣ ба даст овард
ХОРУҒ, 19.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон кинофестивали «Нигоҳи баробар» бо ширкати бештар аз 300 нафар баргузор шуд. Ин кинофестивал бо иқдоми Иттиҳоди миллии ташкилотҳои волидони кӯдакони имконияташон маҳдуди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Раиси ташкилоти ҷамъиятии «Савоб» Лайло Нафасшоева гуфт: «Ҳадафи аслии кинофестивал ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳалли мушкилоти одамони имконияташон маҳдуд, нишон додани неру ва тавонмандии онҳо дар таҳсил ва кору рӯзгор мебошад».
Ба кинофестивал зиёда аз 8 филму лавҳаҳои телевизионӣ дар бораи ҳаёти одамони имконияташон маҳдуд пешниҳод карда шуд. Ҷоизаи асосӣ ба филми мустанади «Мусофиркаш», ки онро хабарнигори шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» Гулоси Мамадлоиқ таҳия намудааст, дода шуд. Ин филм дар бораи ҳаёти як ҷавон бо номи Ҳувайдо, ки дар кӯдакӣ ба иллати бемории фалаҷ ду пояш аз ҳаракат бозмондаанд, қисса мекунад. Дар хурдсолӣ бо аробача ба мактаб меравад ва онро хатм намуда, таҳсилро дар мактаби ронандагӣ идома медиҳад. Баъди ба даст овардани шаҳодатномаи ронандагӣ аз қарзи бонкӣ мошин мехарад ва ба мусофиркашонӣ машғул мешавад. Барои худ хона месозад ва соҳиби оила мегардад. Ҳоло ғоибона дар факулати таърихи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ таҳсил мекунад.
Ҷои дуюм насиби филми муҳаррири телевизиони маҳаллӣ Афзун Муаллибшоев гардид. Ин филм ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии як ҳофизи нобино бахшида шудааст, ки бо ҳунари худ тавонистааст рӯзгорашро сомон бахшад.
Кинофестивали «Нигоҳи баробар» бо ҳунарманоии овозхонҳои гурӯҳи ҳунарии «Чашмаи Носир» ба поён расид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






