«IRS» дар мавсими нав ба таъмири роҳҳо шурўъ намуд

Апрель 12, 2017 10:28

ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бобати аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани мамлакат иқдомоти зиёд амалӣ шуданд. Таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе-Чаноқ аз ин ҷумла буда, бо шарофати пурра бозсозӣ шудани ин роҳ хатарҳое, ки пештар ронандагону мусофирон ва воситаҳои нақлиёт бо онҳо дучор мешуданд, бартараф гардида, тамоми сол рафту омади аҳолӣ тавассути ин роҳи мошингард таъмин гардид.
Аз оғози фаъолият инҷониб, аз тарафи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» рисолати ба зиммадошта дар робита ба нигоҳдории роҳи Душанбе Чаноқ мунтазам, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ мешавад.
Тавре аз Маркази матбуоти филиали ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули филиали ширкат, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда, ки ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн рабт дорад ва офатҳои табиие, ки соли равон рух дода, бесобиқа унвон мешаванд, баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ вайрон шудаанд. Ширкат, ки барои давраи муайян нигоҳдории роҳро ба зимма дорад, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онро самти афзалиятноки фаъолият интихоб намуда, дар ин ҷода мунтазам тадбирандешӣ менамояд. Бо фаро расидани мавсими гармӣ, дар масири роҳ таъмири роҳ шурӯъ гардид.
Гуфтан бамаврид аст, ки дар навбати аввал тарқиш ва ҷуқуриҳои бавуҷудомада бартараф шуда, минбаъд қитъаҳои нисбатан зиёд осебдида таъмири куллӣ хоҳанд шуд. Барои сари вақт ва тибқи талаботи мавҷуда амалӣ намудани ин раванд филиали Ширкат тамоми имкониятҳо, амсоли таъмини коргоҳ бо мутахассисони болаёқат, техникаву механизмҳои замонавӣ, корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва масолеҳи сохтмониро доро мебошад.
Масъулини Маркази матбуоти «IRS» таъкид намуданд, ки барои анҷоми таъмиру таҷдиди роҳ ҳама фаслҳои сол созгор нестанд. Хоса амалӣ намудани корҳои сохтмонии ба бахши роҳдорӣ рабтдошта дар марҳилаи боришот самарабахш нест ва дар чунин ҳолат сифати корҳои амалишуда ба талабот ҷавобгӯ нахоҳад буд. Бинобар ин, ҳамасола чунин иқдомот бо фаро расидани фасли гармо шурӯъ гардида, дар ин замина қитъаҳои таъмирталаби роҳ бо сарфи ҳазорҳо тонна асфалт ва дигар масолеҳи зарурӣ таъмиру таҷдид мегарданд.
«Бо назардошти ин ҳолат аз ронандагону мусофирон эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки дар рӯзҳои ҷараён доштани таъмир дар масири роҳ бо кормандони филиали Ширкат дар асоси ҳамдигарфаҳмии комил ва ҳусни тафоҳум муносибат намуда, ба меҳнати роҳсозон арҷ гузоранд»,- афзуд манбаъ.

Ремонт-3 Ремонт-2

Апрель 12, 2017 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид