Корманди тиб барои иҷро накардани вазифаи касбӣ аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардид
ДУШАНБЕ, 08.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Духтур-навбатдори шуъбаи қабули яке аз беморхонаҳои кӯдаконаи вилояти Суғд зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони иҷро накардани вазифаи касбӣ дастгир карда шуд.
Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, гумонбаршуда, 12 марти соли 2017 ҳангоми навбатдорӣ духтарчаи 2-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуровро қабул намуда, ҳангоми муоинаи тиббии ӯ бемории илтиҳоби шадиди шушҳо бо варами майнаи сарро муайян кард. Духтур воқеан муҳтоҷи табобат будани духтарчаро фаҳмида, нисбат ба иҷрои вазифаи худ бепарвоёна ва беинсофона рафтор намудааст. Бар хилофи тартиби муайянгардидаи соҳавӣ, барои бистарӣ намудани хурдсол тадбир наандешидааст.
Дар натиҷа духтарчаи хурдсол, бинобар сари вақт табобати зарурӣ нагирифтан 14 март вафот кардааст.
Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






