Мӯҳсин Муҳаммадиев: «Мураббӣ ҳеҷ гоҳ аз ҳунарнамоии шогирдонаш қаноатманд намешавад»

Апрель 5, 2017 10:14

ДУШАНБЕ, 05.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Мӯҳсин Муҳаммадиев баъди ҷамъбасти бозии даври дуюми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бо дастаи «Алтин Асир»-и Туркманистон, ки шоми дирӯз дар шаҳри Балканобод бо натиҷаи 1:1 ба анҷом расид, бозиро чунин шарҳ дод: «Мураббӣ ҳеҷ гоҳ аз ҳунарнамоии шогирдонаш қаноатманд намешавад. Мо дар ин бозӣ мақсади ғолиб омаданро дар назди худ гузошта будем. Дар қисми якум ҳар ду даста хуб ҳунарнамоӣ карданд. Мо ҳуҷуми бобарор ташкил карда, ҳисобро кушодем, аммо дар нимаи дуюм бартарии соҳибони майдон бештар буд. Фикр мекунам, ки натиҷаи мусовӣ баёнгари ҳақиқии ин бозӣ аст. Ҳама муборизаҳо ҳоло дар пешанд».
Бозингари беҳтарини вохӯрӣ дарвозабони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Никола Стошич эълон гардид.
«Афсӯс мехӯрам, ки мо дар ин бозӣ ба ғалаба комёб нашудем, ҳол он ки метавонистем дар он ғолиб оем. Майдон ба бозӣ мусоид набуд, тӯб гоҳе мепариду гоҳи дигар самташро дигар мекард. Акнун ба вохӯрӣ бо дастаи «Олой» тайёрӣ мебинем»,-гуфт бозингари беҳтарини ин дидор Никола Стошич.
Сармураббии дастаи «Алтин Асир» Язкулӣ Хоҷагелдиев низ хулосаҳои худро нисбат ба ин вохӯрӣ чунин баён кард: «Натиҷаи мусовӣ ҳақиқати ин бозӣ аст. Дар нимаи аввал меҳмонон ба дастаи мо фишор оварданд, аммо дар нимаи дуюм мо бозиамонро дигар кардем. Футболбозони мо нисбат ба ҳариф имкониятҳои зиёди голзанӣ доштанд, вале танҳо як маротиба ба задани гол муваффақ шудем ва ҳисобро баробар кардем».

Апрель 5, 2017 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд