Модарони ноҳияи Рашт ба фарзандонашон хизмати содиқона ба Ватанро талқин намуданд
РАШТ, 19.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рашт дар рӯзи якуми гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории чорабинии тантанавӣ 37 нафарро барои хизмат ба Ватан сафарбар намуданд. Дар ин кор бахусус занону модарони ноҳия саҳм гузоштанд. Дар ин бора аз шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Салтанат Обидова, модари яке аз даъватшавандагон иброз намуд, ки «роҳнамоӣ ва гусели фарзандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як модар мебошад. Мақсад аз даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳимояи марзу буми ватан ва баланд бардоштани донишу малакаи низомии ҷавонон мебошад. Аз ин хотир ҷавононро лозим аст, ки аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ худро канор нагиранд ва ба қадри тинҷию оромии кишвар ва пешрафти вазъи иқтисодии мамлакат расида, ватани азизамонро дӯст доранд».
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи муҳими ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Мақсад аз даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ- пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ва баланд бардоштани донишу малакаи низомии ҷавонон аст. Барои ҳамин, онҳоро лозим аст, ки аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ худро канор нагиранд, ба қадри неъматҳое, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба он ноил гаштааст, тинҷию оромӣ ва пешрафти вазъи иқтисодӣ расанд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






