Мусиқишиноси маъруфи тоҷик ба донишҷӯёни Консерваторияи марказии Хитой аз нозукиҳои санъати Шашмақом маърӯза мехонад
ДУШАНБЕ, 29.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. 3 майи соли равон бо ташаббуси Консерваторияи марказии шаҳри Пекин дар Ҷумҳурии Халқии Хитой семинари омӯзишӣ оид ба «Мусиқии классикии халқҳои Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад.
Тавре доктори илмҳои санъатшиносӣ, коршиноси Комиссияи байналмилалии ЮНЕСКО оид ба мусиқии суннатӣ Аслиддин Низомов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, семинар тибқи даъвати Раиси генералии Консерваторияи марказии Пекин Юн Фен ба роҳ монда шуда, он тайи 10 рӯз дар Консерваторияи марказии ҷумҳуриявии Хитой баргузор мегардад. Силсилаи маърўзаҳо асосан ба масоили таърих ва вазъи кунунии Шашмақом ва Фалак дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар машғулиятҳо ҳамчунин ҳунармандони ҷавон Сардор Солиев ва Содирхон Убайдуллоев ширкат хоҳанд намуд.
Чанде қабл намояндагони Хитой ба Тоҷикистон омада, бо вазъи тарғибу услуби тарбияи кадрҳои ҷавону вазъи мусиқии классикии миллӣ шинос шуданд. «Пас аз омӯзишу шиносоӣ ҷониби Хитой даъват ба амал овард, ки тайи 10 рӯз барои донишҷӯёни Шуъбаи махсусе, ки дар Консерваторияи марказии Пекин вобаста ба мероси мусиқӣ таҳсил мекунанд, чанд нафар устодони бомаҳорати Тоҷикистон семинари омӯзишӣ гузаронанд. Бо даъвати расмии Ҷумҳурии Хитой мо 3 майи соли равон ба шаҳри Пекин сафар дорем»,-афзуд ӯ.
Ба иттилои Аслиддин Низомов, ба Шашмақом таваҷҷуҳ зоҳир кардани давлати бузурге, чун Хитой- ин худ нишонаи он аст, ки имрӯз ҷаҳониён нисбат ба фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиқлол, вазъи мусиқии суннатии тоҷик таваҷҷуҳи хоса доранд. Хитой ҳамчун ҳамсоя ва давлати пуриқтидор бо мардумони Осиёи Марказӣ робитаҳои таърихии зиёда аз дуҳазорсола дорад.








Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд






