Оғози курсҳои мураббиёни футзал дар шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 03.04.2017/АМИТ «Ховар»/.Дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси»-и шаҳри Душанбе курсҳои шашрӯзаи мураббиёни футзал барои ноил шудан ба литсензияи «Level-1»-и Конфедеартсияи футболи Осиё (КФО) оғоз гардид.
Соли гузашта чунин курсҳо дар шаҳри Душанбе гузаронида шуда буданд. Ҳамакнун коршиноси КФО Носир Солеҳ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон бори дигар ба мураббиёни кишварамон машғулиятҳои амалиявӣ ва назариявӣ мегузаронад.
Дар машғулиятҳо аслан бозинагрони собиқи дастаи мунтахаби мамлакат оид ба футзал Далер Ақназаров, Акмал Ҷумъаев, Мақсудҷон Пӯлодов, Ораз Ализода, Фурқатҷон Ахмедҷонов, Шаҳром Шодиев, инчунин бозингарони имрӯзаи дастаи мунтахаб Фирӯз Юсуфзода ва Муродулло Алиқулов бо дигар мутахассисони ин соҳа барои ноил шудан ба литсензияи КФО таълиму тадрис мегиранд.
Мураббиёне, ки аз имтиҳонҳо баҳои сазоворро мегиранд, литсензияи «Level-1»-и футзалро, ки ба литсензияи «С»-и футбол баробар аст, соҳиб мегарданд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






